“Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон”. Нашри китоби нави иттилоотию таҳлилӣ

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон таҳқиқ гардида, вижагиҳо ва мушкилоти ташаккули қолабҳои нав дар фазои расонаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом, номзадҳои илми филология ва рӯзноманигорони тоҷик натиҷаи таҳқиқоти мазкурро дар китоби “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо” ахиран ба чоп расонидаанд.

Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки ташаккул, мушкилот ва ояндаи журналистикаи интернетиро дар кишвар баҳо диҳанд ва ҷойгоҳи онро дар раванди навини журналистикаи онлайнӣ бозгӯӣ карда бошанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, журналистикаи интернетӣ дар чандсолаи ахир дар кишвар рушд кардааст, чандрасонаӣ ба миён омада ва рӯзноманигорони шаҳрвандӣ беш аз пеш фаъол гардидаанд.

Як қисми махсуси ин китобро амнияти иттилоотӣ, таблиғот, мухобирот ва рекламаи сиёсӣ, сомонаҳои расмӣ ва таъмини иттилоот ташкил додааст.

Китоби мазкур ҳамчун манбаи мукаммали иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи журналистиву ҷомеаи шаҳрвандӣ тавсия мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...