Дар Душанбе боз якшабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад. Ин бор дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино

Дар баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 28-уми октябр то соати 06:00-и 29-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ боз қатъ мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Манбаъ, гуфт,  интиқоли об дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 28-уми октябр то соати 06:00-и 29-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ боз қатъ мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ, гуфт,  интиқоли об дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» қатъ мешавад.

Дар бораи сабаби қатъи интиқоли об хабар дода намешавад. Дар гузашта таъмир дар истгоҳҳои обкашонӣ ва қубурҳоро омили аслии қатъи об мегуфтанд.

Ҳамин тариқ,  дар ноҳияи Исмоили Симонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 28 октябр то соати 06:00-и 29 октябри соли 2022 қатъ мегардад

“Ҳамчунин, дар ҳамин замон, дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон, интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад”,- омадааст дар хабарномиа шаҳрдорӣ.

Ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира кунанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми 10 рӯзи охир, ин дуввумин эълони қатъи оби нӯшокӣ аст. Қаблан аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино қатъ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.