“Фурсати донистан”: Тартиби интишори санади маъмурӣ чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби интишор намудани санади маъмурӣ.

Асоснокии санади ҳуқуқии маъмурӣ чи маъно дорад? Дар санаи ҳуқуқии маъмурӣ кадом талаботҳои қонун бояд, ки  қайд карда шавад?

Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки мақомоти маъмури қарори худро бо ҳолатҳо, воқеият ва далелҳое, ки дар xараёни расмиёти маъмури таҳқиқ ва омӯхта шудаанд, асоснок менамояд. Мувофиқи талаботи моддаи 15 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади ҳуқуқии маъмури бояд асоснокии хаттӣ дошта бошад, ки пеш аз қисми хулосавӣ зикр мегардад. Асоснокии хаттӣ бояд якxоя бо санади ҳуқуқии маъмури интишор гардад (барои расман шинос шудан пешниҳод гардад).

Ҳамзамон бояд кайд намд, ки дар санади ҳуқуқии маъмури бояд меъёри қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқи ки дар асоси он ин санади ҳуқуқии маъмури қабул шудааст, зикр карда шавад. Ҳамзамон  бояд қайд намуд, ки агар қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида барои қабули санадҳои ҳуқуқии маъмури мавxудияти хулосаи эксперт (хулосаи мутахассис)-ро пешбинӣ намояд, дар асоснокии хаттӣ мазмуни ин хулоса зикр карда мешавад.

Мувофиқи талаботи Кодекси расмиёти маъмурӣ, санади маъмурӣ дар кадом мавридҳо нашр карда мешавад?

Мувофиқи талаботи моддаи 17 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии маъмури дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун интишор мегардад. Зимнан, қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки агар санади маъмури ба манфиатҳои зиёда аз 50 шахс таъсир расонад, огохонидан метавонад ба интишор иваз карда шавад. Дар чунин ҳолат санади маъмури танҳо ба аризадиҳанда, агар аризаро якчанд шахс имзо карда бошанд, ба шахсе, ки имзояш дар ариза аввал аст, супурда мешавад.

Чун қоида, санади  маъмури дар нашрияи расмии мақоми маъмурии дахлдор интишор карда мешавад. Агар мақомоти маъмури нашрияи расми надошта бошад, санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд дар нашрияе, ки дар тамоми қаламрави амали мақомоти маъмури паҳн мегардад ва на камтар аз як маротиба дар як ҳафта чоп мешавад, интишор карда ё дастраси умум гардонида шавад.

Санади маъмурӣ чӣ тавр мавриди амал қарор мегирад?

Тартиби мавриди амал қарор гирифтани санади маъмури дар моддаи 1Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Чун қоида, санади маъмури баъди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун огоҳ намудани тарафҳо ё аз рӯзи интишор гардидан мавриди амал қарор дода мешавад. Мақомоти маъмури тарафҳоро бо роҳи супурдани огоҳинома дар бораи қабули санади маъмури огоҳ мекунад.

Санади маъмурӣ дар давоми се рӯзи баъди қабул гардиданаш бояд ба тарафи манфиатдори мақомоти маъмури супурда шавад ё аз тариқи почтаи фармоиши, аз xумла бо огоҳинома оид ба супурдан ба тарафи манфиатдор супурдани он бо имзои ӯ ва дигар воситаҳои супурдан расонида шавад.

Дигар воситаҳои супурдани огоҳинома дар сурате истифода мегарданд, ки агар бо ягон сабаби асоснок имконияти ба тарафи манфиатдор супурдани он бо имзои ӯ вуxуд надошта бошад, аз xумла, агар худи тарафи манфиатдор оид ба истифодаи дигар воситаҳои супурдан дархост пешниҳод карда бошад. Зимнан ёдрас менамоем, ки  санади маъмурие, ки тавассути почта ба тарафи манфиатдор фиристода шудааст, баъди 7 рӯзи фиристода шудан эътибор пайдо мекунад. Дар сурати баҳс, вобаста ба фиристодани санади маъмури, ӯҳдадории исбот ба зиммаи мақоми маъмури гузошта мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...