Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҳиндустон барқияи изҳори тасаллӣ фиристод

Имрӯз, 31-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Драупади Мурму, Президенти Ҳиндустон дар робита ба фуру рехтани пул ва ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар дар иёлати Гудҷаратаи ин кишвар, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. “Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари фурӯравии пул дар иёлоти Гудҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси […]

Имрӯз, 31-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Драупади Мурму, Президенти Ҳиндустон дар робита ба фуру рехтани пул ва ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар дар иёлати Гудҷаратаи ин кишвар, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари фурӯравии пул дар иёлоти Гудҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин робита ҳамдардиву таъзияи самимии хешро ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”,- гуфта мешавад дар барқия.

Бояд гуфт, ки бар асари фурӯрезии пул дар иёлати Гудҷарата дар ғарби Ҳиндустон дасти кам 141 фавтида, 177 нафари дигар наҷот дода шуданд. Ба иттилои шабакаи NDTV, ҷустуҷӯи гумшудагон идома дорад.

Гуфта мешавад купрук ҳамагӣ баъди чанд рӯзи таъмир фурӯ рехт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.