Ба журналистону блогнависон фаъолияти қонунӣ дар бахши ВАО-ро омӯзониданд

Дар пасманзари мушкилоти ахири ба сари журналистону блогнависони тоҷик омада ва бархӯрди мақомоти кишвар мавзӯи терроризм ва экстремизми сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, низоъҳои навин ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби коршиносон шарҳу тафсир дода шуд. Чанде аз коршиносони масоили журналистикаву қонунгузории кишвар аз 28 то 30-юми октябр дар семинаре, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии […]

Дар пасманзари мушкилоти ахири ба сари журналистону блогнависони тоҷик омада ва бархӯрди мақомоти кишвар мавзӯи терроризм ва экстремизми сиёсӣ, динӣ, миллатгароӣ, низоъҳои навин ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби коршиносон шарҳу тафсир дода шуд.

Чанде аз коршиносони масоили журналистикаву қонунгузории кишвар аз 28 то 30-юми октябр дар семинаре, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баргузор гардид, ба гуруҳе аз журналистон, блогнависон ва мутахассисони бозорёбӣ дар бахши расонаҳои кишвар нозукиҳои навиштани матлаб дар мавзӯҳои ҳассосро шарҳ доданд.

Коршиносони бахши ҳуқуқшиносӣ таъкид намуданд, ки мушкилоти қонунгузории ҷории кишвар яке аз омилҳои бархӯрди нодуруст бо журналистон ва блогнависон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дигар ҳама трендҳои муосир ва намудҳои нави фаъолияти рӯзноманигорӣ ва блогнависиро дар чаҳорчӯбаи қонун дароварда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати бозбонии қонунҳои бахши расонаҳои кишвар пеш омадааст.

Ҳамчунин, зимни ин семинар моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ, ки парвандаи чанд журналисти боздоштшудаи тоҷик бо он банду баст шуд, аз ҷониби ҳуқуқшиносон тафсир гардида, шарҳ дода шуд, ки дар кадом ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ метавонанд бо дастрасӣ ба ин моддаҳо парванда боз намоянд.

Ҳамин тавр, дар ин семинар ба журналистон, блогнависон ва мутахассисони бозорёбӣ дар бахши расонаҳои кишвар тарзи қонунии фаъолият дар бахши ВАО омӯзонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.