Омодагии роҳҳои Тоҷикистон ба мавсими зимистон ва тармафароӣ

Дарозии умумии роҳҳои истифодаи умум дар Тоҷикистон, ки дар тавозуни вазорати нақлиёт қарор доранд, ҳудуди 15 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, зиёда аз 3,3 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, зиёда аз 2,1 ҳазор километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва тақрибан 9 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар кишвар дар ҳоли ҳозир 5 […]

Дарозии умумии роҳҳои истифодаи умум дар Тоҷикистон, ки дар тавозуни вазорати нақлиёт қарор доранд, ҳудуди 15 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, зиёда аз 3,3 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, зиёда аз 2,1 ҳазор километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва тақрибан 9 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

Ҳамчунин, дар кишвар дар ҳоли ҳозир 5 туннел ва 29 галлерея мавҷуд аст, ки дарозии умумии онҳо тақрибан 23 километрро ташкил медиҳад.

Нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳоро, ки дар тавозуни вазорати нақлиёт қарор доранд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 64 муассисаи давлатӣ анҷом медиҳанд.

Вазорати нақлиёт қайд мекунад, ки ин муассисаҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо ҳудуди 1,4 ҳазор адад техникаву таҷҳизот доранд.

Дар ин матлаб оид ба омодагии ду роҳи муҳими кишвар ба мавсими зимистон ҳарф мезанем, ки ҳангоми боридани барфу тарма ҳаракат дар онҳо аз рӯи мавқеъи ҷуғрофӣ нисбат ба дигар роҳҳо бештар мутаваққиф ва маҳдуд мешавад.

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак муҳимтарин роҳи Тоҷикистон аст, ки қисмати марказии ҷумҳуриро бо вилояти Суғд, минтақаи саноатии кишвар мепайвандад.

Илова бар ин, ин роҳ Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон ва ҳамин тавр, бо Қазоқистону Русия, ки шарикони асосии тиҷоратии кишвар мебошанд, мепайвандад: гардиши умумии мол бо ин се кишвар нисфи гардиши савдои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 9 моҳи соли ҷорӣ ташкил медиҳад.

Қисме аз ин роҳ аз манотиқи кӯҳистонии дараи Варзоб ва ноҳияи Айнӣ мегузарад, ки дар он ҷой боришоти шадид ва тармафароии зуд-зуд рух медиҳад ва боиси муваққатан баста шудани хатсайр мешавад.

Ин роҳ, ки 358 километр тӯл мекашад, аз моҳи апрели соли 2010 дар асоси шартномаи бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда дар тавозуни филиали ширкати байналмилалии Innovative Road Solutions (IRS) қарор дорад.

Дафтари матбуоти филиали IRS ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ба мавсими зимистони дарпешистода омода аст:

“224 воҳиди механизму таҷҳизот дар ҳолати тайёр аст, ки аз ин 14 адад имсол харида шудааст. Ғайр аз ин, ба миқдори зарурӣ масолеҳи зидди яхбандӣ, намак, сӯзишворию равганҳои молиданӣ ва ғайра дастрас карда шудааст. Қад-қади роҳ ҳам барои устоҳои роҳ 12 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст”, – иттилоъ доданд аз ин ширкат.

Барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани роҳ филиали IRS тайи 13 соли фаъолияти худ 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳи коршиносон, анбори маводу таҷҳизот, коргоҳҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти тармафароӣ сохта ба истифода дод.

Ҳамчунин, дар ин муддат корҳои ҳифзи соҳил бо дарозии 50 километр анҷом дода, 36 пул бо харҷи зиёди молиявӣ, аз ҷумла 3 пули калон аз 42 то 73 метр барқарор карда шуданд.

Роҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма

Ин роҳ, ки дарозии умумии он зиёда аз 1 ҳазор километр мебошад, мушкилтарин шоҳроҳ дар ҷумҳурӣ мебошад. Гап сари он аст, ки қитъаҳои ин шоҳроҳ дар солҳои Шӯравӣ дар қаламрави ВМКБ сохта шуда, ба фарқ аз дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки пойтахтро бо минтақаҳо мепайвандад, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бозсозӣ нашудаанд. Танҳо қисми ғарбии роҳ то маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз — Қалъаи Хумб обод карда шудааст.

Тибқи иттилоъи вазорати нақлиёт, дар моҳи июли соли ҷорӣ бозсозии қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷи ин роҳ то марзи ноҳияи Рӯшон, ки мушкилтарин қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма маҳсуб мешавад, оғоз шуд. Ҳоло ширкати чинии China Road and Bridge Corporation (CRBC) ба корҳои мустақими сохтмонӣ машғул аст.

Ин мавзеъ бо истифода аз гранти 230 миллион доллари давлати Чин бозсозӣ мешавад.

Дарозии қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ дар ҳоли ҳозир 109 километрро ташкил медиҳад, аммо сохтмони ду нақб дар назар аст, то 90 километр коҳиш ёбад.

Барқарорсозии роҳи автомобилгарди дараҷаи сеюми техникӣ, ду нақб (дарозии 5,2 км), галерея бо дарозии умумии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва иншооти дигарро дар бар мегирад.

Интизор меравад, ки таҷдиди ин қитъаи роҳ дар зарфи 2,5 сол – охири соли 2024 анҷом шавад.

Дар маҷмӯъ, бозсозии роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма дар ВМКБ дар марҳила ба назар гирифта шудааст.

Бо дарназардошти мавқеъи душвори ҷуғрофӣ, барқарорсозии роҳ дар қитъаҳои алоҳида: Қалъаи Хумб-Ванҷ то сарҳади Рӯшон, Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Қулма то сарҳади Чин анҷом дода мешавад.

Тибқи ҳисобҳои пешакии вазорати нақлиёт, барои бозсозии қитъаи роҳи Рӯшон-Хоруғ (дарозии 163 километр) 200 миллион доллар ва қитъаи Хоруғ-Қулма (дарозии 395 километр) 567 миллион доллар лозим аст.

Вазорати нақлиёт шоҳроҳи Душанбе-Хоруг-Кулмаро ба категорияи 3-юми техникӣ дохил мекунад.

Аҳамияти аввалиндараҷаи ин роҳ дар он аст, ки он ягона масирест, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Чин бошад яке аз се шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурии мо мебошад.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти вазорати нақлиёт, дарозии тамоми роҳҳо дар ҳудуди ВМКБ беш аз 2,7 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 1,3 ҳазор километраш роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 385 километраш дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва ҳудуди 1,1 ҳазор километр мебошад дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.