“Аҳли адаб набояд иҷоза диҳанд, то байнашон фосила эҷод шавад”. Вазири фарҳангу иршоди Эрон ба ҳамбастагӣ даъват кард

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар маҳфили адабии шоирони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, аҳли фарҳангу адаб набояд иҷоза диҳанд, то байнашон фосила эҷод шавад. Шоми дирӯз, 1-уми октябр, зимни баромади худ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вазири Эрон гуфт, “ҳамбастагии кишварҳои Эрону Тоҷикистон ба мисли як ҷон дар ду тан аст ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар маҳфили адабии шоирони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, аҳли фарҳангу адаб набояд иҷоза диҳанд, то байнашон фосила эҷод шавад.

Шоми дирӯз, 1-уми октябр, зимни баромади худ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вазири Эрон гуфт, “ҳамбастагии кишварҳои Эрону Тоҷикистон ба мисли як ҷон дар ду тан аст ва забони мо гувоҳи исботи ин гуфтаҳост”.

“Фарҳанги форсӣ густурдатар аз маҳдудаи ҷуғрофиёӣ аст ва забони форсӣ моро ба ҳамдигар мепайвандад. Пас, шоирон созандаи ҳувияти муштарак дар Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳастанд”, – афзуд Исмоилӣ.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ таъкид дошт, ки “аҳли фарҳанги се кишвари ҳамзабон набояд аз ҳам фосила дошта бошанд ва шаҳодатномаи хатчанопазири таърихиро ҳифз намоянд”.

Дар ҳамин баробар, вазири фарҳангу иршоди Эрон барои тақвияти гуфтаҳояш хабар дод, ки ҳамакнун китоби ашъори 30 шоири муосири тоҷик дар Эрон нашр мешаванд ва дар китобхонаи бузурги “Боби китоб”-и ин кишвар барои мутолиа пешкаш мегарданд.

“Ҳоло мо бо ибтикори устод Алиризо Қазва ҳашт китоби шоирони шинохтаи тоҷик, ба монанди Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Аскар Ҳаким, Озарахш, Фарзона, Давлати Раҳмониён, Рустами Аҷамӣ, Шоҳмирзо Шоҳмансурро бо хатти форсӣ омода кардем ва ба нашр расонидаем”, – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки пас аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон, ҳафтаи равон дар чор шаҳри бузурги кишвар “Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.