Дар “Алиф-Бонк” роҳбари нав таъйин гардид

Гуланор Атобек бо мувофиқаи Шӯрои нозирон раҳбари нави “Алиф-Бонк” таъйин шуд ва хизматрасониҳои нави ин бонк дар муҳлатҳои наздик дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон пешкаш мешавад. Дар ин бора Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси “Алиф-бонк”, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод. Абдулло Қурбонов гуфтааст, акнун мо барои пурра супоридани ваколатҳои раёсати “Алиф Бонк” омодаем ва бо мувофиқа бо Шӯрои […]

Гуланор Атобек бо мувофиқаи Шӯрои нозирон раҳбари нави “Алиф-Бонк” таъйин шуд ва хизматрасониҳои нави ин бонк дар муҳлатҳои наздик дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон пешкаш мешавад. Дар ин бора Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси “Алиф-бонк”, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод.

Абдулло Қурбонов гуфтааст, акнун мо барои пурра супоридани ваколатҳои раёсати “Алиф Бонк” омодаем ва бо мувофиқа бо Шӯрои нозирон, Гуланор Атобекро ба вазифаи раиси “Алиф Бонк” таъйин намуда истодаем.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба вогузор кардани роҳбарии “Алиф-Бонк” ба Гуланор Атобек ҳанӯз дар аввали сол хулоса карда шудааст. Ҳоло ҳамроҳ бо ӯ Далер Каримов ва Диловар Амонов низ ин бонкро раҳбарӣ мекунанд.

Абдулло Қурбонов афзудааст, аз аввали сол бо омӯзиши технологияи блокчейн машғул буд ва бо тими хурде аз “Алиф-Бонк” лоиҳаеро дар ин самт шурӯъ кардаанд.

Ӯ менависад, ки вобаста ба талаботи регулятивӣ, ин ширкати наве дар дохили Ҳолдинги Алиф, вале берун аз “Алиф Бонк” хоҳад буд.

“Дар муҳлатҳои наздик хизматрасониҳои навамонро барои мизоҷон дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон пешкаш хоҳем кард ва умедворем, он низ яке аз дастовардҳои дастаи тоҷикистонӣ дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гашт”, – гуфтааст ҳаммуассиси “Алиф-Бонк”.

Ёдовар мешавем, ки “Алиф-Бонк” яке аз бонкҳои пештози тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст. Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии “Алиф – Капитал” таъсис шуд ва аз соли 2014 фаъол аст. Бастаҳои комили саҳмияҳои “Алиф-Бонк” ба ҶС “Alif Capital Holdings limited” марбут мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.