Нархи патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав боло бурда мешавад

Date:

Дар соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, то ба 6600 рубл боло бурда мешавад. Дар ин бора муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз Дарья Мурченко хабар додааст, менависад хабаргузории “Фергана”.

“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”, – гуфтааст Дарья Мурченко.

Ҳоло муҳоҷирони хориҷие, ки дар Маскав кор мекунанд моҳона 5900 рубл барои патент пардохт мекунанд.

Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши ҳуҷҷат аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд 5720 рубл ба ҷойи 4419 рубли қаблӣ пардохт кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...