Ҷасади ҷавоне, ки дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Ҷасади ҷавон дар ҳудуди деҳаи Ёрӣ  пайдо ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд", – хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ. Ин ҷавон 17-сола аз деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекат, ки аз ӯ ном бурда намешавад, рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба дарёи Зарафшон ғарқ шуда буд. Гуфта мешавад, ки […]

"Ҷасади ҷавон дар ҳудуди деҳаи Ёрӣ  пайдо ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд", – хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Ин ҷавон 17-сола аз деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекат, ки аз ӯ ном бурда намешавад, рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба дарёи Зарафшон ғарқ шуда буд. Гуфта мешавад, ки ӯ қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва ҳамин тавр, пояш лағжида ва ба дарё сарозер шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони КҲФ дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт ва субҳи имрӯз, 3-юми ноябр, ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи ггражданӣ хотиррасон мекунад, ки рӯзҳои 4-5 ноябр дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳо ва кӯҳистонии вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ боридани борон ва барф дар назар аст. Боришоти фаровон боиси омадани сел ва сангрезӣ гардида хавфи баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз анҷом додани корҳои кишоварзӣ, чаронидан дар чарогоҳҳо, доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистон, шикор ва моҳидорӣ, инчунин аз рафтан ба тамошо ва сайругаштҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.