Тоҷикистон дар форуми Travel Hub «Содружество» иштирок мекунад

Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байнулмилалии сайёҳии Travel Hub «Содружество» (Иттиҳод) баргузор мешавад. Ин чорабинӣ дар Кохи Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад. Дар ин бора вакили Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, раиси комиссияи соҳавӣ оид ба индустрияи сайёҳии парлумони шаҳр Елена Рахова хабар додааст. “Намояндагони кишварҳои ИДМ дар бораи сайёҳӣ изҳори […]

Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байнулмилалии сайёҳии Travel Hub «Содружество» (Иттиҳод) баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ дар Кохи Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.

Дар ин бора вакили Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, раиси комиссияи соҳавӣ оид ба индустрияи сайёҳии парлумони шаҳр Елена Рахова хабар додааст.

“Намояндагони кишварҳои ИДМ дар бораи сайёҳӣ изҳори назар хоҳанд кард, – иброз доштааст Рахова. – Дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои марбут ба сайёҳии тиббӣ ва экологӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, роҳандозии хатсайрҳо ва хидматрасониҳои нав баррасӣ мешаванд”.

Дар кори форум намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ – сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва соҳибкорони ин соҳа гирдиҳам меоянд.

Рушди робитаҳои нав дар шароити қисман баста шудани сарҳадҳо ва бозорои сайёҳиро тарк кардани як қатор бозингарони байнулмилалӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии чорабинӣ унвон шудааст.

Тоҷикистон дар ин форум лавҳаи шиносоӣ (имиҷӣ) пешниҳод намуда, дар иҷлосияи муаррифии “Хатсайрҳои нав” иштирок мекунад.

Travel Hub "Содружество" платформаест, ки соли 2019 барои муттаҳид кардани ҳамаи иштирокчиёни соҳаи сайёҳии кишварҳои уззви ИДМ таъсис дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.