Эмомалӣ Раҳмон дар Миср. Бо кӣ вохӯрд ва чӣ гуфт?

Asia-Plus

Дар ҳошияи иштирок дар Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар Миср президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатори вохӯриҳову гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, аз ҷумла рӯзи 7 ноябр зимни мулоқот бо президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио ӯ аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Зикр шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он ба соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазина ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни гуфтушунид зикр шуд, ки айни ҳол бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба паёмадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ амалӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ пешниҳод шуд, ки ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҳамин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо президенти Ҷумҳурии Кения Уилям Рутто баррасӣ намуд. Вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Кения доир гардид.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот кард. Аз ҷумла, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ,  инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуд.

Зимни гуфтушунид бо сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте оид ба истифодаи зарфиятҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Нидерланд, инчунин таҷрибаи ғании ширкатҳои он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, туризм, фанновариҳо ва технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот бо сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва паҳншавии ақидаҳои тундгароёна баррасӣ шуд.

Рӯзи 7 ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилйони оби Тоҷикистон дар мавзӯи “Муттаҳид кардани ҷаҳон барои мубориза бар зидди тағирёбии иқлим” иштирок ва суханронӣ кард.

“Павилйони об ва иқлим аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайх фаъолият карда, як платформаи беназир барои намоиш ва таблиғи нақши марказии об барои ноилшавӣ ба пешравӣ ҳам дар мутобиқшавӣ ва ҳам дар коҳишёбии тағйирёбии иқлим хоҳад шуд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Рӯзи 6 ноябр президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер, директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева, инчунин роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдӣ дидору гуфтушунид кард.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...