Моҳи хунин ё Гирифти Моҳро имрӯз тоҷикистониён метавонанд бинанд

Имрӯз, 8-уми ноябри 2022 ҳодисаи табии Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Моҳи хунин ҳолатест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад. Дар ин бора, Ризо Баҳромзод, донишманди риштаи физика дар саҳифаи Facebook худ иттилоъ додааст. Ин донишманди тоҷик навиштааст, ки дар Душанбе […]

Имрӯз, 8-уми ноябри 2022 ҳодисаи табии Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Моҳи хунин ҳолатест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.

Дар ин бора, Ризо Баҳромзод, донишманди риштаи физика дар саҳифаи Facebook худ иттилоъ додааст.

Ин донишманди тоҷик навиштааст, ки дар Душанбе гирифти пурра (максимуми он дар 15:59 ба вақти Душанбе) мушоҳида намешавад, зеро тулӯи Моҳ ба вақти Душанбе соати 17:14 ба амал меояд. Дар Тоҷикистон соати 17:27 ҳолати аз ҳама зиёд зери соя қарор гирифтани Моҳро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ин ҳол 33,8%-и сатҳи Моҳро соя мепӯшад. Ин ҳодиса то соати 18:56 давом мекунад.

“Гирифти Моҳ метавонад дар як сол аз 2 то 4 маротиба ба амал ояд. Дар соли 2022 ин ҳодисаи дуюми гирифт аст. Қаблан ҳодисаи мазкур 16-уми майи соли равон рух дода буд. Гирифти навбатии Моҳ 5-уми майи соли 2023 ба амал хоҳад омад”, – навиштааст Ризо Баҳромзод.

Ӯ гуфт, ки агар вазъи ҳаво хуб бошаду Моҳ намоён гардад, сокинони Тоҷикистон метавонанд ин ҳодисаро мушоҳида кунанд, аммо агар ҳаво номусоид бошад, дидани Моҳи хунин ғайриимкон аст.

“Дар ҳавои ғайримусоид дидани Моҳи хунин дар расадхонаҳо низ ғайриимкон аст”, – гуфт Ризо Баҳромзод.

Ба таъкиди ин донишманди тоҷик ҳодисаи Гирифти Моҳ як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.