Ноиби мудири кулли минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба Тоҷикистон омад

admin

Ҳела Шайхруҳӣ, ноиби мудири кулли минтақавӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон, дар доираи фаъолияти IFC оид ба тақвият бахшидани кӯшишҳои кишвар баҳри ноил шудан ба рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ, тавассути афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ вориди Тоҷикистон шуд ва дар назар аст, то 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумат, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати тавсеаи фаъолияти IFC дар Тоҷикистон ва ҷалби сармояи иловагӣ ба бахшҳои асосии иқтисод гуфтугӯҳо анҷом медиҳад.

Вохӯриҳо қисме аз талошҳои  IFC барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва кӯмак ба тиҷорат дар ҳалли мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ва ҷанг дар Украина мебошанд.

"IFC мекӯшад, барномаи ислоҳоти стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро барои бунёди иқтисоди бозорӣ, ки ба рушди содирот нигаронида шудаст дастгирӣ намояд ва дар  эҷоди ҷойҳои корию ноил шудан ба пешрафти устувори дарозмуддат саҳм дошта бошад", – кайд намуд Шайхруҳӣ.

Ёдовар мешавем, ки IFC, узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин созмони байналмилалии рушд буда, ба бахши хусусии кишварҳои дорои  бозорҳои рӯ ба рушд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ин созмон бо истифода аз сармоя, дониш ва таҷрибаи амалӣ дар зиёда аз 100 кишвари дунё лоиҳаҳоро амалӣ карда, барои фароҳам овардани бозорҳо ва имкониятҳои нав барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ заминагузорӣ менамояд.

Дар соли молиявии 2022 IFC барои ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ маблағи рекордии 32,8 миллиард доллар ҷудо намудааст, то тавоноии бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадидро беҳтар сохта, баҳри бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони бисёрҷанбаи ҷаҳонӣ ва мусоидат дар рушди муштарак, саҳм дошта бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...