Бо дастури Дастгоҳи Президент вазорати маориф директорони мактабҳоро месанҷад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми ноябр, дар Тоҷикистон санҷиш ё аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз мегардад. Санҷиши мазкур аз ҷониби вазорати маориф ва илм то 30-юми декабр гузаронида мешавад.

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати маориф ва илми кишвар тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати касбӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аттестатсияи ғайринавбатии директорон баргузор намояд. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад.

“Аттестатсия аз ҷониби 9 гурӯҳи босалоҳият зери роҳбарии вазири маориф, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм баргузор мегардад. Инчунин, тибқи фармоиш сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ӯҳдадор шудаанд, ки тавсияномаҳои аттестатсияшавандагонро таҳия ва то баргузории аттестатсия ба комиссия пешниҳод намоянд”, – гуфта мешавад дар ин хабар.

Бояд гуфт, комиссияи аттестатсионӣ вазифадор шудааст, ки аттестатсияро бо риояи талаботи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, аз натиҷааш протокол ва ҳисобот омода намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Директори яке аз мактабҳои ноҳияи Синои пойтахт, бо шарти ифшо нашудани номаш, дар суҳбат ба АП тасдиқ намуд, ки аз баргузории аттестатсияи директорон огоҳ буда, ҳоло ба он омодагӣ мебинад.

"То ҷое хабар дорам, дар аттестатсияи навбатӣ аз мудирони муассисаҳои таълимӣ 400 калима бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм омода шудаанд, низ пурсида мешавад", – гуфт ин директор.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки зимни санҷиш дар мавриди ихтисоси доштаи директор, фанҳои ҳуқуқу таърих ва дигар саволҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ва кор бо кӯдакон рабт дорад, пурсида шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...