Дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

Имрӯз, 9 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Гуфта мешавад, ҳайатҳои ҷонибҳоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ менамоянд. Ҷласаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз, 9 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Гуфта мешавад, ҳайатҳои ҷонибҳоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ менамоянд.

Ҷласаи 17-уми Комиссия дар Маскав баргузор шуда, дар он масоили ҳамкории ҷонибҳо дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва таъмини некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия 20% афзуд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия зиёда аз 1,22 млрд долларро ташкил додааст.

Аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи ҳудуди 66 млн доллар молу маҳсулот содир шуда, ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон 1,15 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз Тоҷикистон ба бозори Русия асосан пахта ва сабзавоту мева интиқол дода шуда, аз Русия ба Тоҷикистон сӯзишворӣ, маснуоти чӯб, фулузот (металлҳо), маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маҳсулот оварда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.