Футзал. Дар бозии дуюм мунтахаби Тоҷикистон аз Русия шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби футболи хурд ё футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона, ки 8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз тими мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе доир гардида, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 5:1 ва натиҷаи ниҳоӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи русиягиҳо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи хурд ё футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона, ки 8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз тими мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд.

Вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе доир гардида, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 5:1 ва натиҷаи ниҳоӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи русиягиҳо анҷом ёфт.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали дӯстона, ки як рӯз пеш, 7 ноябр баргузор шуд, футзалистони тоҷик бар тими Русия бо ҳисоби 10:7 дастболо шуданд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русияро довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Ӯзбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳар ду бозӣ садҳо нафар тамошобинон ҳузур доштанд. Дар ҷойҳои нишаст натанҳо мухлисони тими Тоҷикистон, балки Русияро низ бо парчамҳои кишварашон дидан мумкин буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.