Ҳайати дастаҳои Тоҷикистону Русия оид ба футбол маълум шуд

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Русия, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил гардидааст, ки 15 нафарашонро легионер […]

Asia-Plus

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими миллии Русия, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора Федератсия футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил гардидааст, ки 15 нафарашонро легионер ташкил медиҳанд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил гардиданд.

Тавре дар сомонаи ФФТ иттилоъ дода шудааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 10-уми ноябр, дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо яккачини Русия:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Ситоди мураббиёни Русия низ ҳайати дастаи мунтахаби ин кишварро эълон намуд. Сармураббии даста Валерий Карпин бо ҳайати зерин ба Тоҷикистон меояд:

Дарвозабонҳо: Сергей Песяков («Ростов»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Александр Селихов («Спартак»), Антон Шунин («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Иля Агапов («Пари НН»), Мингиян Бевеев («Урал»), Даниил Денисов, Георгий Джикия, Руслан Литвинов, Даниил Хлусевич (ҳама — «Спартак»), Виктор Мелёхин, Максим Осипенко, Александр Сильянов (ҳама — «Ростов»), Вячеслав Караваев, Дмитрий Чистяков (ҳарду — «Зенит»), Артём Макарчук («Сочи»), Александр Солдатенков («Крылья Советов»);

Нимҳимоятгарон: Илзат Ахметов, Никита Кривтсов (ҳарду — «Краснодар»), Дмитрий Баринов, Артём Карпукас, Антон Миранчук (ҳама — «Локомотив»), Максим Глушенков, Сергей Пиняев (ҳарду — «Крылья Советов»), Арсен Захарян, Даниил Фомин (ҳарду — «Динамо»), Антон Зинковский, Данил Прутсев (ҳарду — «Спартак»), Андрей Мостовой («Зенит»), Даниил Уткин, Даниил Глебов (ҳарду — «Ростов»), Лечи Садулаев («Ахмат»);

Ҳамлаварон: Александр Соболев («Спартак»), Фёдор Чалов (ЦСКА), Николай Комличенко («Ростов»), Владимир Сичевой («Оренбург»).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.