Ӯзбекистон аз Иттиҳоди Аврупо лағви таҳримҳо алайҳи Алишер Усмоновро хост

Ӯзбекистон аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки таҳримҳо зидди олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ва хоҳари ӯ Гулбаҳор Исмоиловаро лағв кунад, хабар медиҳад рӯзномаи Financial Times. Мақомоти Ӯзбекистон дар мулоқотҳо бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки таҳримҳо алайҳи Алишер Усмонов, аз ҷумла, масдуд кардани дороиҳо ва мамнӯъияти сафари ӯ ба сармоягузории миллиардер ба иқтисоди Ӯзбекистон монеъ […]

Asia-Plus

Ӯзбекистон аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки таҳримҳо зидди олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ва хоҳари ӯ Гулбаҳор Исмоиловаро лағв кунад, хабар медиҳад рӯзномаи Financial Times.

Мақомоти Ӯзбекистон дар мулоқотҳо бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки таҳримҳо алайҳи Алишер Усмонов, аз ҷумла, масдуд кардани дороиҳо ва мамнӯъияти сафари ӯ ба сармоягузории миллиардер ба иқтисоди Ӯзбекистон монеъ мешавад. Тошканд омодагии худро ҷиҳати ироаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин сарватманд дар мурофиаи эҳтимолӣ судӣ иброз намудааст.

Ба гузориши Mediazona, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ин хабарро шарҳ надодааст, аммо сухангӯи Алишер Усмонов гуфта, ки таҳримҳо "воқеан ба тарҳҳои сармоягузорӣ ва хайриявӣ халал мерасонанд".

Алишер Усмонов яке аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон буда, ҳамчун “шахсе аз доираи наздики Владимир Путин” ном бурда мешавад. Баъди оғози амалиёти ҳарбӣ дар Украина кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА алайҳи Алишер Усмонов таҳримот ҷорӣ карданд ва дастрасӣ ба дороиҳои ӯ маҳдуд гардид.

Хоҳари ӯ Гулбаҳор Исмоилова низ ба далели молики қонунии бархе аз дороиҳои Алишер Усмонов будан, мавриди таҳрим қарор гирифт. Гулбаҳор Исмоилова соҳиби қонунии яхтаи “Дилбар” аст, ки 600 миллион доллар арзиш дорад. Пулиси Олмон чанде пеш аз он яхта коллексияи 30 наққошро ба маблағи панҷ миллион евро мусодира кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.