Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ баста мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар мекунад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон давоми 4 рӯз маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба ШТРР “Азия” хабар додаанд.

Бинобар иттилои манбаъ, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд рӯзи 13-уми ноябр оғоз гардида, то рӯзи 16-уми ноябр идома мекунад. Ҳамин тавр, дар рӯзи аввал кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон ва шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом то гардиши “Горгаз” баста мешавад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, Гагарини шаҳри Хучанд, кӯчаи Фаттулло Ахмедови ҷамоати Ҳ. Усмони ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ва кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон маҳдуд мегардад.

Таъкид карда мешавад, ки рӯзи 14-уми ноябр шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ то гардиши ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, кӯчаҳои маркази ноҳияи Деваштич то деҳаҳои Зарнисор, Газантарак, Муҷум ва Ҳазорчашма баста боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин баробар, рӯзи 14-уми ноябр ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, Б.Ғафуров ва Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон, ҳудуди чамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, роҳи наклиётгарди Деҳмой – Конибодом маҳдуд карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар рӯзи 15-уми ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ, Р. Ҳоҷиев то Маҷмӯаи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд ва дар рӯзи 16-уми ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаи Ӯрунхӯҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдудият боқӣ мемонад.

Ин ниҳод аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи роҳҳо ва кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...