Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ баста мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар мекунад

Дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон давоми 4 рӯз маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба ШТРР “Азия” хабар додаанд. Бинобар иттилои манбаъ, сафари […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон давоми 4 рӯз маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба ШТРР “Азия” хабар додаанд.

Бинобар иттилои манбаъ, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд рӯзи 13-уми ноябр оғоз гардида, то рӯзи 16-уми ноябр идома мекунад. Ҳамин тавр, дар рӯзи аввал кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон ва шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом то гардиши “Горгаз” баста мешавад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, Гагарини шаҳри Хучанд, кӯчаи Фаттулло Ахмедови ҷамоати Ҳ. Усмони ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ва кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон маҳдуд мегардад.

Таъкид карда мешавад, ки рӯзи 14-уми ноябр шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ то гардиши ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, кӯчаҳои маркази ноҳияи Деваштич то деҳаҳои Зарнисор, Газантарак, Муҷум ва Ҳазорчашма баста боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин баробар, рӯзи 14-уми ноябр ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, Б.Ғафуров ва Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон, ҳудуди чамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, роҳи наклиётгарди Деҳмой – Конибодом маҳдуд карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар рӯзи 15-уми ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ, Р. Ҳоҷиев то Маҷмӯаи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд ва дар рӯзи 16-уми ноябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаи Ӯрунхӯҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон маҳдудият боқӣ мемонад.

Ин ниҳод аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи роҳҳо ва кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.