Ҷозеп Боррел: “Мо бояд ба рушди муносибатҳо диққати бештар диҳем”

Date:

Дар тӯли садсолаҳо робитаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ташаккули ҷомеаҳои мо нақши хеле муҳим бозиданд. Ҳанӯз пештар аз давраи инкишофи савдо дар ҷаҳони қадим, Роҳи Абрешим тамаддунҳои Аврупо ва Осиёро пайваста, сарват, фарҳанг ва омӯзиши ҳамдигарро паҳн намуда буд.

Вале робитаҳо диққати доимиро талаб менамоянд ва мо шояд вақтҳои охир ба рушди робитаҳои байни минтақаҳоямон диққати зарурӣ надода будем. ИА якҷоя бо шарикони Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки инро ислоҳ кунад. Моҳи равон Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел барои таҳкими ҳамкориҳои мо ба минтақа ташриф оварда буд. Ман бошам 18-уми ноябр конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳониро, ки аз тарафи Ӯзбекистон қабул мегардад, дар шаҳри Самарқанд хоҳам гузаронид.

Мо дар замони афзоиши талошу душвориҳои геополитикӣ ва болоравии сиёсати қудрат зиндагӣ дорем. Мо инчунин бо ду тамоюли бузург дучор мешавем: тағирёбии иқлим ва рақамисозии иқтисод ва ҷомеа. Аз ин рӯ, рӯзномаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар суръатбахшии гузариши сабз ва ташаккули иқтисоди рақамӣ асос ёфтааст. Тавассути ташаббуси Global Gateway (Дарвозаи ҷаҳонӣ) Иттиҳоди Аврупо гузариши сабз ва рақамикунониро дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебарад. Ҳама коре, ки мо анҷом медиҳем, ба қонеъ кардани ниёзҳои кишварҳои шарик ва фоида ба ҷомеаҳои маҳаллӣ асос ёфтааст.

Мо медонем, ки шарикони мо дар Осиёи Марказӣ бо ҳамон мушкилоте, ки мо дорем, рӯбарӯ ҳастанд: барқароршавӣ пас аз пандемия, мубориза бо бӯҳронҳои энергетикӣ ва иқлимӣ ва бартараф сохтани маҳдудиятҳо дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина. Аммо ин душвориҳо инчунин имкониятҳо мебошанд, имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷаҳонии бештар устувор ва пайваста.

Дар Самарқанд мо се мавзӯъро баррасӣ хоҳем намуд – ҳамбастагии рақамӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ. Дар ҳар се самт мо роҳҳои ҳамкории қавитарро ҷустуҷӯ хоҳем намуд, имкониятҳои сармоягузориро муайян намуда, таваҷҷӯҳро ба ислоҳот ҷалб хоҳем кард, ки метавонанд равобити мутақобиларо таҳрик диҳанд. Мо сиёсатмадорон ва коршиносони техникӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва муҳимтар аз ҳама, намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ ва шаҳрвандиро гирди ҳам меорем. Тариқи созиш додани робитаҳо байни одамон, мо пайвастҳоро байни минтақаҳо фаъолтар месозем.

Дар соҳаи рақамӣ, барои сохтани платформаҳои бехатар, бартараф кардани монеаҳои ҷуғрофӣ, ривоҷ додани хидматрасонии давлатӣ ва дастгирии соҳаи маориф ва таъсиси ҷойҳои корӣ имкониятҳо ҷустуҷӯ хоҳем намуд.

Мо инчунин роҳҳои таҳкими робитаҳои устувори нақлиётӣ дар дохили Осиёи Марказӣ ва байни Осиёи Марказӣ ва Аврупоро барои ҳавасмандгардонии гуногунсозии иқтисодӣ ва рушди сабз баррасӣ хоҳем кард.

Ҳамаи мо аз таъсири бузурги тағирёбии иқлим ва норасоии захираҳои об огоҳем. Барои қонеъ кардани талаботи афзоянда ба нерӯи сабз, мо имконоти беҳтар кардани дастрасиро ба истеҳсоли нерӯи камкарбон меомӯзем. Ҳарду минтақа бешубҳа ба чунин тарзи эҳёи истеҳсолоти кишоварзӣ ва саноатӣ манфиатдоранд, ки идоракунии самараноки захираҳои об ва партовҳоро таъмин намояд.

Дурнамои мо оиди ҳамбастагии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар заминаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Барои ба роҳ мондани шарикии қавитар, васеътар ва муосиртар бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ фаъолона кор карда истодаем.

Ӯҳдадориҳои сиёсии мо ба кӯмаки аниқи фароҳамовардашуда такя мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо (ниҳодҳои ИА ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо) донори асосӣ дар Осиёи Марказӣ буда, аз соли 2014 то соли 2020 ба минтақа 1,1 миллиард евро кумак расонида шудааст. Дар чаҳор соли оянда- 2021-2024 ҳаҷми умумии грантҳо барои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои дуҷониба ва минтақавӣ бояд на камтар аз 390 миллион евро бошад. Ин ду ташаббуси минтақавии ба истилоҳ Тими Аврупо (Team Europe) дар бар мегирад, ки ИА расман дар Самарқанд эълони оғоз хоҳад намуд, яке дар робита бо ҳамбастагии рақамӣ, дигаре оиди захираҳои об, нерӯ ва иқлим мебошанд. Team Europe аломати истифодашаванда барои лоиҳаҳоест, ки дар чорчӯбаҳояшон муассисаҳо, кишварҳои узв ва ташкилотҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо якҷоя фаъолият мебаранд.

Нигоҳи ИА оид ба ҳамбастагӣ фарогир аст. Мо кӯшиши дур сохтани шарикиҳои дигарро надорем. Ва мо бешубҳа ба созмон додани мутобиқатҳои нав манфиатдор нестем.

Мо дар Иттиҳоди Аврупо “мухторияти стратегии кушода”-ро таҳия намуда истодаем, ки аслан аз нигоҳ доштани озодии интихоби стратегии худ, канорагирӣ аз мутобиати аз ҳад зиёд ва доштани алтернативаҳо дар як низоми ҷаҳонӣ, ки бар қонунҳои байналмилалӣ, қоидаҳои оқилона ва стандартҳои байналмилалӣ асос ёфтааст, иборат мебошад. Ва табиист, ки мо хоҳиши шарикон барои нигоҳ доштани мустақилияти худ ва озодии интихоби худро низ айнан ҳамин тавр мефаҳмем.

Мо барои ба шарикони худ пешниҳоди ҷолиб дорем. Иттиҳоди Аврупо бузургтарин сармоягузор дар ҷаҳон аст. Ширкатҳои аврупоӣ бештар аз ҳама, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ фароҳам меоваранд. Бо истифода аз қудрати сармоягузории бахши хусусии Аврупо, мо метавонем ба Осиёи Марказӣ дар бунёди иқтисоди нави рақамии сабз, ки бо тамоми ҷаҳон зич алоқаманд аст, кӯмак кунем.

Вазифаи мо дар Самарқанд аз он иборат аст, ки тавассути муайян ва татбиқи ислоҳот ва имкониятҳои ҷалби соҳибкорон сармоягузориро ҳавасманд намоем. Иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат рушд мекунад ва имкониятхои васеъ доранд. Иттиҳоди Аврупо шарики боэътимод дар ҷаҳони нооромиҳои геополитикӣ ва тағирот аст. Аз ин рӯ, ман бесаброна интизорам, ки Аврупо дар муваффақияти ин минтақаи муҳим нақши худро бозад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...