144 ҳазор маърака бо сарфи 480 млн сомонӣ. Хароҷоти сокинони Душанбе дар тую азодорӣ маълум шуд

Сокинони Душанбе дар 15 соли охир бо харҷи 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомонӣ 144 ҳазору 640 маъракаи тую азодорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора, зимни ҳамоише, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Ба иттилои манбаъ, дар давраи амали қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (аз моҳи июни соли 2007 […]

Сокинони Душанбе дар 15 соли охир бо харҷи 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомонӣ 144 ҳазору 640 маъракаи тую азодорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора, зимни ҳамоише, ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи амали қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (аз моҳи июни соли 2007 то 9 моҳи соли 2022) дар ҳудуди пойтахт 14 ҳазору 575 маъракаи хатнасур, 98 ҳазору 747 тӯйи домодию арӯсӣ, 16 ҳазору 974 маъракаи чил ва 14 ҳазору 343 маъракаи сол гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои баргузории ин маъракаҳо 40 ҳазору 023 сар чорвои калон ва 7 ҳазору 462 сар чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 144 ҳазору 640 ададро ташкил медиҳад.

“Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад”, – зикр шудааст дар ҳамоиш.

Масъулини нишаст гуфтаанд, ки давоми 15 сол аз ҷониби масъулин 902 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор гардидааст.

“Бо қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, Тоҷикистон ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод”,- қайд шудааст дар нишаст.

Ҳамин тариқ, дар 15 соли охир 412 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ ва 6 ҳазору 790 хатнасури хайриявӣ баргузор карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳадафи он сарфи харҷи маъракаи аҳолӣ аст. Тарафдорони қонун бар ин назаранд, ки он тавонист маъракаҳои пуродабдаба ва исрофкории бархеро пешгирӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол, мухолифони ин қонун мегӯянд, аҳолӣ вобаста ба шароиташ бояд маърака орояд ва ин қонун навъе аз маҳдуд кардани озодиҳои онҳо мебошад.

Ҳамчунин, барои нақзи ин қонун ҷарима таъин шудааст ва ҳамасола даҳҳо нафар барои нақзи ин қонун садҳо сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.