“Ба ҳарам раҳам надоданд”. Иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ба ҷашни 30-солагӣ даъват нашуд

Date:

Ҳайдаршоҳи Акбар, вакили пешини парлумон ва яке аз иштироккунандагони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз ноҳияи Дарвози ВМКБ, иддао дорад, ки ӯро ба ҷашни 30-солагии Иҷлосия, ки имрӯз дар Хуҷанд баргузор мешавад, даъват накардаанд. Ӯ сабаби даъват нашуданашро аз Маҷлиси намояндагон ва ҳукумати кишвар мепурсад.

Ин вакили пешин, дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки сабаби даъват нашуданаш гӯё  фаромӯш шудани номаш будааст, аммо ӯ ба ин бовар надорад.

“Мешуд ба ин ҳарф бовар кард, агар дар китоби тоза чоп шудаи вакилоне, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ширкат кардаанд, акс ва номи банда оварда намешуд”, – нигаронӣ кардааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳайдаршоҳи Акбар дар замоне, ки вакили парлумон буд

Ҳайдаршоҳи Акбар мегӯяд, барои муайян кардани сабаби он тайи қариб як ҳафта аз ноҳияву вилоят сар карда, то Маҷлиси намояндагону Ҳукумат ва баъзе шахсони масъул пурсуҷӯ намуд, аммо посухи возеҳу рӯшане ба даст наовард.

Номбурда афзудааст, ки ҳузур наёфтанаш ба унвони бетаваҷҷуҳӣ ва ҳатто беэҳтиромӣ ба ин рӯйдоди муҳим арзёбӣ мешавад.

“Албатта, он чи тайи ҳафтаи ёдшуда мушоҳида кардам, бо меъёрҳои ахлоқӣ созгор набуд. Аз ибтидо тарзи бархӯрди масъулини ноҳияи Дарвоз ва ҷавоби онҳо дар мавриди ширкат дар нишасти 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мубҳаму сарбаста буд. Дар ҳар сурат, ин суол беҷавоб монд, ки чаро вакили ин иҷлосияи таърихӣ аз имкони ҳузур дар он маҳрум мондааст? Ва оё барои вакилони собиқ маҳдудияте дар назар гирифта шудааст?”, – пурсон шудааст Ҳайдаршоҳи Акбар.

 

ВРЕЗКА В МАТЕРИАЛ


Ҳайдаршо Акбаров, собиқ депутати Шӯрои олӣ ва собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, 70 сол дорад. Дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм мекунад. Соли 1974 факултаи байтории Доншкадаи кишоварзии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад. Фаъолияти кории худро ба ҳайси сардухтури бахши ветеринарии ноҳия шурӯъ карда баъдан ҳамчун раиси воҳиди кишварзӣ ва дертар мудири шӯъба дар кумитаи ноҳиявии ҳизб кор мекунад. Аз соли 1986 то 88 дар Мактаби олии ҲКИШ дар шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Сипас раиси Кумитаи иҷроия ноҳияи Дарвоз таъйин мешавад. Соли 1991 дар интихоботи миёндавраӣ депутати Шӯрои олӣ интихоб ва дар Кумитаи кишоварзии ШО ба фаъолият мепардозад. Соли 1992 дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ вазири кишоварзӣ таъйин мешавад. Ҳудуди 16 сол дар Бишкек кору зиндагӣ кардааст. Оиладор. Соҳиби шаш фарзанд.

Ҳамин тавр, ӯ таъкид кардааст, ки “агар ин иқдом аз тарафи масъулини сатҳи маҳаллӣ бошад, маъзуранд, аммо агар масъуле дар сатҳи боло ба амали онҳо “лаббайк” гуфта бошад, пас чунин коре зебандаи онҳо нест. Чун дар асл, сӯҳбат на аз шахсияти Ҳайдаршоҳи Акбар, балки аз вакилу намояндаи собиқи мардуми Дарвоз дар миён аст”.

Ин нигаронӣ дар ҳолест, ки мақомот аз ба ҳам омадани ҳама вакилон ва иштироккунандагони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб дар Хуҷанд хабар медиҳанд.

Имрӯз дар бинои Касри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд, ки макони аслии баргузории чорабиниҳо ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки  вакилони парлумон, намояндагони аҳли зиё, ходимони давлатӣ, иштироккунандагони сессия, олимону адибон, сиёсатшиносон ва ситораҳои саҳнаи тоҷик ҷаласаи тантанавӣ ва консерт баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 30-соли комил мегузарад. Он рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд идома карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...