Ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг соҳиби медали тилло шуд

Бахтиёр Раҳимов, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки аз 2-юм то 5-уми ноябр дар шаҳри Орландои Амрико баргузор гардид, соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод менависад, ки Бахтиёр Раҳимов  ягона намоянда аз Тоҷикистон  […]

Бахтиёр Раҳимов, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки аз 2-юм то 5-уми ноябр дар шаҳри Орландои Амрико баргузор гардид, соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки Бахтиёр Раҳимов  ягона намоянда аз Тоҷикистон  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг буд.

“Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода бардоштани вазн медали нуқра гирифт”, – навиштааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Аз соли 2008 инҷониб чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба Паралимпиада шумораи ками варзишгаронро мефиристад, ки аксаран як нафаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал нагирифтааст.

Дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ карда буд, вале бемедал баргашт.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг – Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Он замон Зайтуна зинаи нуҳумро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солиматиаш рақобат карда натавонист.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон майдонҳои варзишие нестанд, ки барои маълулон шароити хуби тамрин дошта бошанд. Дар натиҷа, чунин варзишгарон дар марказҳои варзишии пулакӣ, ё майдонҳои маҳдуди мавҷуда машқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.