Ба фарзандони тоҷикони Қазон омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шуд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри  Қазони Тотористон барои кӯдакони тоҷики муқими шаҳр омӯзиши забони модарӣ роҳандозӣ кардаанд. Дарси аввалин 14-уми ноябр роҳандозӣ гардида, интизор меравад чунин дарcҳо пайваста рӯзҳои якшанбе баргузор шаванд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар”, бо такя ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия, хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки ба мактаби якшанбегии омӯзиши забони модарӣ фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Қазон фаро гирифта мешаванд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил карда, забони тоҷикиро дар сатҳи гуфтугӯ дар доираи суҳбат бо хонавода медонанд.

Гуфта мешавад, ки дар мактаб онҳо доир ба таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ маълумоти мухтасар гирифта, инчунин хурдсолон ба омӯзиши алифбои тоҷикӣ машғул мешаванд.

«Ҳадафи аслии таъсиси ин мактаб, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст, ки онҳо забони модари худро нигоҳ доранд», – гуфтаанд масъулини Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Бояд гуфт, ки дарсҳои забони тоҷикӣ рӯзҳои якшанбе, соати 16:00 дар бинои «Хонаи дӯстии халқҳо», кӯчаи Павлюхина, №57-и шаҳри Қазон доир мегарданд.

Тоҷикони шаҳри Қазон, ки мехоҳанд фарзандонашон ба омўзиши забони модарӣ ба ин мактаб ҷалб шаванд, метавонанд барои маълумоти муфассал ба ракақмҳои мазкур  +79600516297 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...