Ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг соҳиби медали тилло шуд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Бахтиёр Раҳимов, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки аз 2-юм то 5-уми ноябр дар шаҳри Орландои Амрико баргузор гардид, соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки Бахтиёр Раҳимов  ягона намоянда аз Тоҷикистон  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг буд.

“Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода бардоштани вазн медали нуқра гирифт”, – навиштааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Аз соли 2008 инҷониб чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба Паралимпиада шумораи ками варзишгаронро мефиристад, ки аксаран як нафаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал нагирифтааст.

Дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ карда буд, вале бемедал баргашт.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг – Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Он замон Зайтуна зинаи нуҳумро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солиматиаш рақобат карда натавонист.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон майдонҳои варзишие нестанд, ки барои маълулон шароити хуби тамрин дошта бошанд. Дар натиҷа, чунин варзишгарон дар марказҳои варзишии пулакӣ, ё майдонҳои маҳдуди мавҷуда машқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...