ИА ба Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо об 29 млн евро кӯмак мекунад

Asaia-Plus

Имрӯз, 18-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарз ба маблағи 29 млн евро барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ба имзо расид.

Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарзро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Мариета Йагер, муовини директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо имзо карданд.

Тибқи ин барнома Иттиҳодия Аврупо барои дастгирии энергетикаи устувор 15 млн евро ва барои таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт 14 млн евро маблағ медиҳад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин маблағҳо барои беҳ кардани инфрасохтори энергетикӣ ва барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ кӯмак мекунад.

Ӯ таъкид кард, ки ҳоло ҳукумати кишвар пайваста ислоҳои соҳаи энергетикаро гузаронида истодааст ва барои боз ҳам беҳтар намудани ин раванд кӯмакҳои техникӣ бисёр зарур арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардида буд ва имрӯз он ба анҷом хоҳад расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...