Дар Самарқанд лоиҳаи нави рушди низоми энергетикии Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид

Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардид, ки дар он намояндагони мақомоти энергетикии панҷ кишвари ОМ якҷо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд. Лоиҳаи “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” бо буҷаи умумии 6,8 млн доллар барои […]

Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардид, ки дар он намояндагони мақомоти энергетикии панҷ кишвари ОМ якҷо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Лоиҳаи “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” бо буҷаи умумии 6,8 млн доллар барои роҳандозии тавозуни устувори энергетикӣ дар минтақа бо назардошти таҷрибаи ИА таҳия ва пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, ин лоиҳа таҳкими сиёсати миллӣ оид ба  гузариш ба низоми устувори энергетикӣ ва афзоиши сармоягузорӣ, рушди энергетикаи барқароршавандаро дар назар дорад.

Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа, рушди иқтидори минтақа дар самти нерӯи барқи офтобӣ, бодӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни ин конфронс оид ба ҳадаф ва нақшаҳои худ, ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур дар кишварҳои худ иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки ин конфронс дар доираи ҳамоиши ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо, пагоҳ, 18-уми, ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ҷараён гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.