Кӯдаки дирӯз дар Душанбе гумшударо ёфтанд

Макоил Саноев, кӯдаке, ки дирӯз, 16-уми ноябр гумшуда буд, дар манзили истиқоматии холааш, маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки ҳеҷ касе дар он ҷо зиндагӣ надоштааст, ёфта шуд. Тавре ки РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кӯдак сиҳату саломат ёфта шуда, ба модараш Шаҳноза Исматзода супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки 16-уми ноябр Микоил Саноеви 11-сола аз […]

Макоил Саноев, кӯдаке, ки дирӯз, 16-уми ноябр гумшуда буд, дар манзили истиқоматии холааш, маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки ҳеҷ касе дар он ҷо зиндагӣ надоштааст, ёфта шуд.

Тавре ки РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кӯдак сиҳату саломат ёфта шуда, ба модараш Шаҳноза Исматзода супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми ноябр Микоил Саноеви 11-сола аз манзили истиқоматиашон дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт баромада, ба самти номаълум ғайб зада буд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон хоҳиш кардааст, ки бо фарзандони худ муносибати хуб ва таълиму тарбияро дар сатҳи дуруст ба роҳ монанд.

Дар робита ба ин мақомоти милитсияи пойтахт ба кулли шаҳрвандон низ барои мусоидат ва расонидани кӯмак ҷиҳати пайдо намудани кӯдаки ноболиғ изҳори сипос кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.