Бонки байналмилалии Тоҷикистон масъалаи хариди ташкилоти фаръии Halyk Bank-ро шарҳ дод

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар сомонаи “Азия-Плюс” рӯзи 18 ноябр дар бораи ин муомилоти хариду фурӯш маълумот дода шуд. Роҳбари ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Раҷабов Искандар Ҳабибуллоевич ин масъаларо тарики зайл шарҳ дод:

– Ба охир расидани муомилоти харид бо ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолияти амалиётии “Халиқ бонк Тоҷикистон” (ХБТ) чӣ гуна таъсир мерасонад?. Дар мавриди хидматрасонӣ ба мизоҷон ва амонатҳо кадом тағйирот дар назар аст?

– Бо анҷоми муомилоти хариду фурӯш бонк ба хидматрасонии мизоҷон тибқи ҳамаи уҳдадориҳои ХБТ идома дода, айни замон ҳеҷ гуна тағйироти назаррас ба нақша гирифта нашудааст.

– Дар мавриди рушди “Халиқ бонк Тоҷикистон” ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” чӣ нақшаҳо дорад?

– Дар ҷараёни имзои муомилот Бонки байналмилалии Тоҷикистон пешакӣ баъзе масоили рушди минбаъдаро баррасӣ намуд. Зимни гуфтугӯ дар бораи сармоягузорӣ, тавсеъаи шабакаи филиалҳо, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, рақамикунонии амалиёти бонкӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти бонкӣ изҳори назар кардем.

– Дар сохтори тадорукотӣ (ташкилӣ)-и ХБТ тағйирот мешавад? Ҷойҳои корӣ нигоҳ дошта мешаванд?

– Дар сохтори тадорукотӣ ҳоло тағйирот дар назар нест, лекин тадриҷан зимни зарурат шояд сохтор беҳтар карда шавад. Дар мавриди ҳайати шахсӣ бошад, айни замон кормандон ихтисор намешаванд.

– Амалиёт бо хазина / шуъбаҳои бонк чӣ гуна мешавад? Онҳо ба кори худ бидуни тағйирот дар реҷаи муқаррарӣ идома медиҳанд ё тағйирот ҷорӣ мешавад?

– Бонк бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият идома дода, инчунин сармоягузориҳои нав, тавсеъаи шабакаи филиалҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки хабар дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон”чанде пеш дар сомонаи филиали бонк дар Тоҷикистон нашр шуд.

Зикр гардида буд, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, мувофиқи шартҳои созишномаи пешина ҳамаи навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...