“Фурсати донистан”: Хусусиятҳои хоси иҷроиши санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ кадомҳоянд?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи хусусиятҳои хоси иҷроиши санадҳои ҳуқуқии маъмуриро баррасӣ карданд.

Тартиби иҷроиши санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ чӣ гуна аст?

Санади маъмуриро мақомоти маъмурие, ки онро қабул намудааст, иҷро мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Мавриди иҷро қарор додани санади маъмурӣ бо супориши мақомоте, ки санади маъмуриро қабул намудааст, метавонад аз ҷониби мақомоти маъмурии поёнӣ ё дигар мақомоти маъмурӣ сурат гирад.

Мақомоти маъмурӣ метавонад ваколатро оид ба гардиши иҷрои санади маъмурӣ якдафъаина ё ба мўҳлати муайян ба дигар мақомоти маъмурӣ вогузор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро  муқаррар накарда бошад.

Тартиби боздории санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ чӣ гуна аст?

Бо дархости тарафи манфиатдор мақомоти маъмурӣ ўҳдадор аст, ки иҷрои санади маъмуриро дар ҳолатҳои зерин боздорад:

                – фавти шахс ё азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, агар ин муносибати ҳуқуқӣ ворисияти ҳуқуқиро раво донад;

                – бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани санади маъмурӣ, дар ҳолате, ки чунин баҳсро қонун иҷозат диҳад;

                – пешниҳоди шикояти маъмурӣ ба мақомоти маъмурӣ нисбати санади маъмурӣ.

Иҷрои санади маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:

                – дар ҳолатҳои барҳамхӯрии (азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ то муайян намудани вориси ҳуқуқии шахс;

                – дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд ё таъиноти суд дар бораи рад кардани қонеъгардонии даъво ё қарори мақомоти маъмурӣ дар бораи рад кардани қонеъгардонии шикояти маъмурӣ.

Мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст, иҷрои онро дар ҳолатҳои фавти шахс ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ санади маъмурӣ қабул гардидааст, қатъ менамояд.

Санади маъмурӣ дар муддати як моҳи баъд аз қабул гардиданаш бояд ба иҷро расонида шавад. Мақомоти маъмурӣ дар ҳолатҳои мавҷуд будани сабабҳои узрнок метавонад мўҳлати иҷрои санади маъмуриро дароз намояд.

Мақомоти маъмурӣ бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ метавонад нисбати дигар шахсон ягон амали пешбининамудаи қонунро танҳо дар сурати қабул гардидани қарор дар бораи таъмини иҷро анҷом диҳад.

Воситаҳои таъмини иҷрои санади ҳуқуқии маъмурӣ кадомҳоянд?

Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад баъди гузаштани мӯҳлате, ки ба шахс барои иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ муайян намудааст, бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ яке аз воситаҳои зерини таъмини иҷроро истифода намояд:

                – вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ ба шахси дигар;

                – ҷарима.

Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад танҳо воситаи таъмини иҷрои дар қарор дар бораи таъмини иҷро пешбинигардидаро истифода намояд. Истифодаи воситаи таъмини иҷро бояд баъди иҷрои санади маъмурӣ қатъ карда шавад.

Агар ба шахси дигар вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ имконпазир бошад, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷрои санадро ба шахси дигар вогузор кунад. Ба шахсе, ки иҷрои санади маъмурӣ ба ӯ вогузор карда мешавад, хароҷоти иҷроро ҳамон мақомоти маъмурӣ ҷуброн менамояд. Мақомоти маъмурӣ ин хароҷотро мутобиқи қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ,  аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор ҷуброн менамояд.

Агар санади маъмурӣ ба зиммаи шахс ӯҳдадории иҷрои амали муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайянро вогузор намояд ва ӯ ин ӯҳдадориро иҷро накунад, ба шахс метавонад ҷарима баста шавад.

Маблағи ҷарима бояд бо қарор дар бораи таъмини иҷро ба андозае, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудааст, муайян карда шавад.

Барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди пардохти ҷарима шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...