Иштироки Хуҷаста, Чоршанбе, гурӯҳи рақсии “Падида”… Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

Аз 22-юм то 26-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегардад, ки дар он беш аз 80 ҳунарманди тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, вохӯрии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо  Атагелдӣ Шамурадов, вазири фарҳанги Туркманистон, се […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 22-юм то 26-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегардад, ки дар он беш аз 80 ҳунарманди тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, вохӯрии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо  Атагелдӣ Шамурадов, вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.

“Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ишқобод ва Марви Туркманистон доир гардида, гурӯҳи рақсии хизматнишондодаи “Лола”, “Парасту”, ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маҳруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо баромад хоҳанд кард”, – омадааст дар иттилоияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистонро 3улфия Давлатзода роҳбарӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов рӯзи 28-уми октябри соли 2022 ниҳоӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.