“Сафи занҳои муҳоҷир меафзояд”. Омори муҳоҷирони тоҷик дар 12 соли охир

Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни як барнома дар “Internews дар Тоҷикистон” гуфтааст, назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст. Ӯ гуфтааст, аз Тоҷикистон дар соли 2010 – 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 […]

Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни як барнома дар “Internews дар Тоҷикистон” гуфтааст, назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Ӯ гуфтааст, аз Тоҷикистон дар соли 2010 – 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 нафар зан) муҳоҷир буданд ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2022 ба 534 ҳазору 258 нафар (92 ҳазору 826 нафар зан) расид.

Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори аз ҳама баланд дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун муҳоҷир шудаанд ва аз ин теъдод 100 ҳазору 875 нафар занон дониста мешаванд.

Аммо омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Рафтани муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа солҳои 2010-2022-ро дар графикаи “Азия-Плюс” бубинед:

Ёдовар мешавем, ки расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ + Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Ӯ афзуда буд, аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор нафарашон муҳоҷири меҳнатӣ буда, 140 ҳазор нафари боқимонда “ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.