Сӯхтор дар Маскав: тибқи маълумоти пешакӣ, 1 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудааст

Ба сафорати Тоҷикистон дар Русия дархост расидааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни 7 нафар ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар шаҳри Маскав 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. “Лекин ин маълумоти пешакии ҷониби Русия аст. Айни замон ҷиҳати дақиқан муайян кардани маълумоти мазкур мо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба сафорати Тоҷикистон дар Русия дархост расидааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни 7 нафар ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар шаҳри Маскав 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

“Лекин ин маълумоти пешакии ҷониби Русия аст. Айни замон ҷиҳати дақиқан муайян кардани маълумоти мазкур мо бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ дорем. Вақте шахсияти 1 тан аз ҳалокшудагон, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданашро аз эҳтимол дур намедонанд, муайян шуд, огоҳ мекунем”, – гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, байни 7 нафар фавтидагон ҳангоми сӯхтор дар анбори гулҳои майдони Комосомолская дар маркази Маскав 1 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва 5 тани дигар шаҳрвандони Русия будаанд.

Айни замон ҷиҳати маълум кардани шахсияти фавтидагон ташхиси судӣ-тиббӣ таъин шудааст.

Сӯхтор дар як бинои майдони Комсомолская рӯзи якшанбе, 20 ноябр рух дода, оташ майдони 2,5 ҳазор метри мураббаъи анбори хиштро фаро гирифтааст. Сабаби сӯхтор вайрон будани дастгоҳи барқии гармкунӣ ва реҷаи садамавии кори шабакаи барқ унвон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.