Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлияи ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад.
Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
Яке аз марҳилаҳои муҳими татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Бақайдгирри давлати вафот ё ба истилоҳи халқӣ хатти вафот низ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими асноди ҳолати шаҳрвандӣ аст.
Марг ё фавти шахс амри табиӣ аст ва ҳама миранда аст. Вале баъди марг хатти вафот барои чӣ лозим аст? Онро аз куҷо ва чӣ гуна бояд гирифт? Мо кӯшиш кардем, ба ин суолҳо посух ёбем.
Шаҳодатномаи вафотро аз куҷо бояд гирифт?
Барои гирифтани шаҳодатномаи вафот шахс бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зисти охирини шахси фавтида (агар дар деҳаҳо бошад ба ҷамоат) маҳалли ёфта шудани ҷасади шахси фавтида ва ё дар маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳалнома оид ба муқаррар намудани далелҳои вафот ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст, бояд муроҷиат кунад.
Бояд гуфт, ки барои гирифтани шаҳодатномаи вафот ҳамсар, аъзои дигари оила, инчунин шахсе, ки дар вақти вафот кардани шахс ҳузур дошт ва ё дар бораи вафоти шахс хабар дорад, ба бахши САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муроҷиат намояд.
Инчунин, дар муассисаи тиббӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки шахс ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш фавтида бошад, гирифтан мумкин аст.
Агар шахс дар маҳбас фавтида бошад, барои гирифтани шаҳодатномаи вафот бояд ба ҳамон муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ё агар дар артиш фавтида бошад, ба командири қисми ҳарбие, ки онҷо хизматро адо мекард муроҷиат бояд кард.
Барои ба қайд гирифтани вафот кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Барои гирифтани шаҳодатномаи вафот, мисли дигар асноди ҳолати шаҳрвандӣ намунаи аризаи хаттӣ дар бораи вафот пур карда шуда, ҳамчунин, шиносномаи шахси фавтида, билети ҳарбӣ (дар сурате, ки агар шахси фавтида хизматчии ҳарбӣ бошад), ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани далели вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, дар ҳолати мурофиаи судӣ талаб карда мешавад.
Ҳамин тариқ, шиносномаи шахси фавтида гирифта мешавад, аломат гузошта мешавад (рақами сабт, сана), мӯҳри мақомоти САҲШ гузошта мешавад. Шиноснома ва билети ҳарбии гирифта мешаванд ва тибқи рӯйхат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ супорида мешаванд.
Шаҳодатномаи вафот ройгон дода мешавад
Шаҳодатномаи вафот дар се рӯз баъди додани ариза ва ройгон дода мешавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки агар шахс дар қатора, ҳавопаймо ва ё дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар фавтида бошад, қайди давлатии вафот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар ҳудуди маҳалли аз воситаи нақлиёт фаровардани шахси вафоткарда ҷойгир шудааст, гузаронида шуда метавонад.
Дар вақти қайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод фақат ҳамон маълумоти барои қайд зарур навишта мешавад, ки дар хулосаи экспертизаи судии тиббӣ қайд шуда бошад.
Вале дар ҳамин ҳол, дар сурати гум кардани хатти вафот, он дубора бо сарфи қариб 100 сомонӣ дода мешавад. Аз ин 64 сомонӣ барои шаҳодатнома, 12 сомону 80 дирам ба суратҳисоби Вазорати адлия, 22 сомониву 40 дирам барои хизматрасонӣ ва агар ҳуҷҷат кофтуковро талаб кунад, 16 сомонии иловагӣ барои кофтуков ситонида мешавад.
Дастурҳои марҳила ба марҳила ва номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии вафот дар сомонаи расмии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Чаро гирифтани шаҳодатномаи вафот лозим аст?
Мутаассифона, аксари аҳолӣ баъди фавти наздикону пайвандонашон шаҳодатномаи вафот намегиранд ва ё хело дер дар пайи гирифтани он мешаванд.
Бояд гуфт, ки бақайдгирии давлатии вафот пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад. Он ҳамчунин, бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрванд мебошад.
Ҳамчунин, бақайдгирии давлатии вафот муносибатҳои гражданӣ ва ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳифз карда, барои тақсими мерос ва дигар муносибатҳо кумак мекунад.
Он ҳамчунин, барои гирифтани маблағи муайян, ки онро “маблағ барои гурӯчуб” мегӯянд, мусоидат мекунанд.
Ба восиати бақайдгирии давлатии вафот ва пешниҳоди шаҳодатномаи вафот шахс агар нафақухӯр бошад, онро қатъ мекунад ва он барои қатъи дигар муносибатҳои пулӣ низ метавонад, ки заминагузор бошад.


