Парлумони Тоҷикистон сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли сементро дар кишвар маъқул донист

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТва ҶДММ «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро тасдиқ кард. Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон чунин созишномаҳо пас аз тасдиқ аз ҷониби вакилони мардумӣ мустақиман бидуни тасдиқ дар палатаи болоии парлумон […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТва ҶДММ «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро тасдиқ кард.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон чунин созишномаҳо пас аз тасдиқ аз ҷониби вакилони мардумӣ мустақиман бидуни тасдиқ дар палатаи болоии парлумон барои имзо ба президент пешниҳод мешаванд.

Тавре ки дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, созишномаи мазкур 7 сентябри соли ҷорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо ширкати дар боло зикршуда ба имзо расид.

Пас аз имзои қарордод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дод, ки «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» барои сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли семент ба маблағи 160 млн доллар ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷиро дар нақша дорад.

Дар хабар зикр шуда буд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 1,3 ҳазор аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои кории нав таъмин карда мешаванд.

Пеш аз ин дар портали иттилоотии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ лоиҳаи созишнома нашр шуда буд, ки дар он иқтидори корхона истеҳсоли 1,8 млн тонна сементи хушсифат дар як сол зикр гардида буд. Ин маънои онро дорад, ки ин корхона бузургтарин дар Тоҷикистон хоҳад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки иқтидори умумиашон истеҳсоли 5,6 млн тонна семент дар як сол аст.

Корхонаҳои нисбатан бузург дар ин самт «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» арзёбӣ мешаванд, ки иқтидори ҳар кадоме аз онҳо на бештар аз 1,2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3,2 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки 0,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Дар ҳамин ҳол, экологҳои маҳаллӣ чандин бор изҳор дошта буданд, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли семент метавонад ба муҳити зист ва солимии мардум осеби ҷуброннопазир расонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.