Арзоншавии гази моеъ ва бензин дар Тоҷикистон идома дорад

Date:

Поинравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон пас аз босуръат болоравии он дар аввали моҳи равон идома дорад.

Имрӯз нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе 6,20-6,40 сомониро ташкил дода, як ҳафта пеш он 6,8 сомонӣ нарх дошт. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо нархи 6,10 сомони барои 1 литр гази моеъ низ вохӯрдан мумкин аст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5,90-6,00 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нимаи моҳи ноябр арзиши он дар шимоли кишвар 6,60-6,70 сомониро ташкил медод.

Тавре ки sugdnews.com хабар медиҳад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин шаҳр нархи бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 ҳам поин рафтааст.

Бензини навъи АИ-92 бо нархи 8,40 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи моҳ нархи он ба 8,90 сомонӣ баробар буд. Арзиши бензини навъи АИ-95 – 8,80 сомонӣ зикр шуда, чанд рӯз пеш он бо арзиши 9,60 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳ нархи гази моеъ боло рафта, дар вилояти Суғд бо арзиши 6,60-6,70 сомонӣ ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ – аз 7 то 7,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон арзиши ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 15,8% поин рафтааст. Дар моҳи декабри соли 2021 нархи 1 литри он ба ҳисоби миёна 7,40 сомониро ташкил дода буд.

Ҳудуди 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ҳаҷмҳои начандон зиёд аз Ӯзбекистон ва Русия ҳам ворид мегардад. Соли равон ҳаҷми моҳонаи истифодаи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомбилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...