Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина ва чанд кишвари дигарро ба ҳузур пазируфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз, 21-уми ноябр, аз сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина, Аргентина, Мексика ва як қатор кишварҳои дигар эътимоднома қабул карда, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони Иттиҳоди Аврупо – Раймундас Кароблис, Латвия – Рейнис […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз, 21-уми ноябр, аз сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина, Аргентина, Мексика ва як қатор кишварҳои дигар эътимоднома қабул карда, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони Иттиҳоди Аврупо – Раймундас Кароблис, Латвия – Рейнис Трокша, Шветсия – Томас Данестад, Финляндия – Илка Райсанен ва Юнон – Екатерина Насикаро ба ҳузур пазируфт ва эътимодномаҳояшонро қабул кард.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия – Семён Григорев, Куба – Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика – Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина – Леополдо Франисико Саорес, Чад – Маҳамуд Адам Башир ва Гана – Эрик Овусу-Боатенг пазируфтааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо итминон иброз доштааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногусоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.