Ҳабси маъмурии ду ҷавондухтар пас аз таҳқиқи навори муноқиша

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ду занро барои муноқиша ва вайрон намудани тартиботи  ҷамъиятӣ барои ҳафт рӯз равонаи ҳабс намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди нашри навори муноқишаи ду ҷавондухтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбат ба онҳо  чораҳои дахлдори […]

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ду занро барои муноқиша ва вайрон намудани тартиботи  ҷамъиятӣ барои ҳафт рӯз равонаи ҳабс намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди нашри навори муноқишаи ду ҷавондухтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбат ба онҳо  чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида Гулпарӣ Юсуповаи 37-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод ва Сарвиноз Каримбековаи 20-сола истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор боздошт гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон бо ҳам шинос буда, 19-уми ноябри соли ҷорӣ, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Бинобар ин, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҷавондухтарон  тибқи талаботи модда 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба онҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.