БелАЗ интиқоли мошинҳои боркаши бузургҳаҷмро ба Тоҷикистон зиёд мекунад

ҶСК “БелАЗ” ва Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳо ҷиҳати бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм таъмин кардани Тоҷикистон изҳори назар карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти корхонаи Беларус. Зимни вохӯрии ҳайати ширкат аз Минск бо сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович бо муовини аввали вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ рӯзи 18 ноябр ин масъала баррасӣ шуд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

ҶСК “БелАЗ” ва Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳо ҷиҳати бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм таъмин кардани Тоҷикистон изҳори назар карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти корхонаи Беларус.

Зимни вохӯрии ҳайати ширкат аз Минск бо сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович бо муовини аввали вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ рӯзи 18 ноябр ин масъала баррасӣ шуд.

Зимни гуфтушунид дар Душанбе имкони истеҳсоли мошинҳои махсуси иқтидори борбардориашон 30-45 тонна барои корхонаҳои истихроҷи Тоҷикистон, инчунин ба ин монанд мошинҳои бузаргҳаҷми боркаш барои лоиҳаҳои нав баррасӣ шуд.

«Белорусский автомобильный завод» (Корхонаи истеҳсоли автомобилҳои Беларус) соли 1948 таъсис дода шуда, айни замон дар он беш аз 200 навъи мошинҳои боркаш ва техникаи махсус истеҳсол карда мешаванд.

Қаблан дар Душанбе дар доираи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус намоишгоҳи махсуси Made in Belarus баргузор шуд.

Ҳамчунин рӯзи 12 октябр аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмии сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Душанбе бастаи санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид.

Он замон Лукашенко дар бораи рушди корҳои васлу насби лифтҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон муваффақона фаъолият мекунад, истеҳсоли техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус дар Ҳисор, инчунин то охири сол мавриди истифода қарор додани корхонаи муштараки коркарди шир дар Душанбе мусбат изҳори назар намуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.