Бо маоши миёнаи $160 корфармоҳои Тоҷикистон аз кормандон $2,7 млн қарздоранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар бораи рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъхирнопазир барои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат изҳори назар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин Вазорат.

Дар ҷаласаи  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, ки рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, ӯ изҳор намуд, ки масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон зери назорати президенти кишвар қарор дорад.

“Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешем”, – гуфтааст Амонзода.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, қарзи умумӣ аз пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти бақияи солҳои пешин то аввали моҳи сентябри соли 2022 зиёда аз 27,6 млн сомонӣ (ҳудуди 2,7 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли равон ҳаҷми умумии қарз аз музди меҳнат ба андозаи 25% ё худ 9 млн сомонӣ кам шуд. Коҳиши ҳаҷми қарз аз маош дар ҳамаи навъҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба мушоҳида мерасад, ба ҷуз саноати коркард, ки дар он қарз 6,2 ҳазор сомонӣ (0,2%) афзудааст.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – ҳудуди 15 млн сомонӣ (54,3% аз ҳаҷми умумии қарз), дар соҳаҳои нақлиёт ва нигаҳдории молу маҳсулот – зиёда аз 6,1 млн сомонӣ (22,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли равон ба ҳисоби миёна 1623 сомонӣ (160 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо ба 4949 сомонӣ (485 доллар) баробар аст. Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки 672 сомонӣ (66 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ аз 20 то 25% боло рафт.

Ҳаҷми ҳадди аққали (минималӣ)-и музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон айни замон 600 сомонӣ (57) долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...