Баъди “такси”-ҳои Суғду Бохтар, вуруди мусофирбарон аз минтақаи Турсунзодаро низ ба Душанбе манъ карданд

Дар пайи манъи вуруди “такси”-ҳои самти Суғду Бохтар ба шаҳри Душанбе, шаҳрдории пойтахт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисорро низ муваззаф кард, ки аз терминали назди Боғи миллӣ мусофир гиранду фароранд. Ин дастур, дирӯз, 23-юми ноябр, дар ҷаласае таҳри роҳбарии Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдории Душанбе ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт […]

Дар пайи манъи вуруди “такси”-ҳои самти Суғду Бохтар ба шаҳри Душанбе, шаҳрдории пойтахт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисорро низ муваззаф кард, ки аз терминали назди Боғи миллӣ мусофир гиранду фароранд.

Ин дастур, дирӯз, 23-юми ноябр, дар ҷаласае таҳри роҳбарии Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдории Душанбе ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофирони самти Турсунзода ироа гардид.

Ба гуфтаи мақомот, ин тасмим, бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе рӯйи даст гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои таксиҳои ин самт дар назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфии нақлиёти мусофирбар сохта шудааст ва ронандагону мусофиронро зарур аст, ки шуруъ, аз рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ аз хизматрасонии  таваққуфгоҳ истифода кунанд.

Фирдавс Саидзода ба масъулин супориш  додааст, воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали мазкур интиқол диҳанд. 

Манъи вуруди мусофирбарони самти Турсунзодаву Шаҳринав ва Ҳисор дар ҳолест, ки дар гузашта шаҳрдорӣ вуруди таксиҳои самти Суғд ва Бохтарро низ ба Душанбе манъ карда буд.

Ҳамин тавр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд.

Мусофирбарони самти Бохтар, ки пештар дар назди “Бозори Саховат” мусофир мегирифтанд, муваззаф шуда буданд, ки аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” мусофир гиранду фароранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.