Таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зимни суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СААД

Дирӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Еревани Арманистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии хеш аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шудааст. Ҳамчунин, дар ин […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дирӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Еревани Арманистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии хеш аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шудааст.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа Александр Лукашенко, Президенти Беларус раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро қабул намудааст.

Аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд, афзудааст манбаъ.

Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.