Ҷасади Эҳсон Аминзода, гумонбар дар ҳамлаи пойгоҳи ҳарбии Белгородро ба пайвандонаш додаанд

Мақомоти Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, ба пайвандонаш додаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Дирӯз, 23-юми ноябр, ду хешованди Эҳсон Аминзода, ки дар Русия қарор доранд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “ҷасадро ду рӯз пеш гирифтанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мефиристанд”. […]

Asia-Plus

Мақомоти Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, ба пайвандонаш додаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Дирӯз, 23-юми ноябр, ду хешованди Эҳсон Аминзода, ки дар Русия қарор доранд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “ҷасадро ду рӯз пеш гирифтанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мефиристанд”.

“Дар деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, зодгоҳи Эҳсон Аминзода, низ тасдиқ карданд, ки мунтазири расидани тобут ҳастанд”, – навиштааст ин расона.

Қаблан наздиконаш ба ин расона гуфта буданд, ки “Эҳсон Аминзода ният дошт, кор кунаду бо духтари дӯстдоштааш оила барпо кунад, аммо рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуд" ва хабари маргаш 16-уми октябр расид”.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми октябр расонаҳои Русия оид ба тирпарронӣ ва кушта шудани чандин нафар дар тамрингоҳи Белгород, ки онҷо нерӯҳои иловагиро барои сафарбарӣ ба ҷанги Украина омода мекарданд, хабар доданд.

Баъдтар гуфта шуд, ки Эҳсон Аминзода бо як ҳамроҳаш гуё дар заминаи эҳсосоти динӣ ба ҳамяроқони худ ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд.

Пайвандони Эҳсон Аминзода пайваста таъкид мекунанд, ки ӯро иҷборан ба артиш ҷалб кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол дар ин маврид шарҳе ироа накардаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.