Ҷоми ҷаҳон-2022 оид ба футбол. Ғуруби Ғарб ва тулӯъи Шарқ

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар давлати Қатар оғоз шуд, аз аввалин рӯзҳои мусобиқот бо натиҷаҳои ғайриинтизори худ ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Агар мухзлисони футбол шикасти давлати мизбон аз Эквадорро мунтазир буданд ва мухлисони тоҷик умеде ба бозии зебои Эрон доштанд, аммо касе гумон намекард, ки тими Аргентина бо Леонел Мессии достонаш аз дастаи […]

Asia-Plus

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар давлати Қатар оғоз шуд, аз аввалин рӯзҳои мусобиқот бо натиҷаҳои ғайриинтизори худ ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Агар мухзлисони футбол шикасти давлати мизбон аз Эквадорро мунтазир буданд ва мухлисони тоҷик умеде ба бозии зебои Эрон доштанд, аммо касе гумон намекард, ки тими Аргентина бо Леонел Мессии достонаш аз дастаи Арабистони Саудӣ шикаст мехӯрад.

Ҳоло касе ба худ наомада, дастаи Марокаши миёнаҳол бо ноиби қаҳрамони ҷаҳон – Хорватия бозиро мусовӣ кард.

Дар идомаи ин ҳама ғайриинтизориҳо яке аз даъвогарони қаҳрамонӣ дар Ҷоми ҷаҳон дастаи Олмон бозии худро боз ҳам ба як намояндаи Шарқ – тими Ҷопон бо ҳисоби 2 бар 1 бохт. Шояд ин бохт самари парешонхотирии футболбозони Олмон бошад? Чун бозигарони ин даста қабл аз бозӣ таваҷҷуҳи бештари худро ба дастбанди "ранга"-и намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ ва "даҳонбандӣ"-и хеш равона карда буданд.

Ин мағлубиятҳои дастаҳои пуровозаи Ғарб ба тимҳои Шарқ саволеро дар зеҳни мухлисони футбол ба вуҷуд овардааст: Ғуруби Ғарб ва тулӯъи Шарқ?

Инак шарҳи мухтасари бозиҳои рӯзи 23-юми ноябр баргузоршуда ва 24-уми ноябр дар назар дошташуда пешкаши шумо мегардад.

Хорватия 0:0 Марокаш

Мухлисони мунтахаби Хорватия интизориҳои зиёд доштанд, аммо гарчанде, ки хорватиҳо хеле талош карда бошанд ҳам, ба дарвозаи марокашиҳо ягон тӯб ворид карда натавонистанд. Тими миллии Марокаш ҳам дар навбати худ як бозии хуб нишон дод, ба вижа дар қисми дуюми бозӣ.

Бозии мунтахабҳои Хорватия ва Марокаш бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Белгия 1:0 Канада

Ҳарду тим дар қисми аввали бозӣ хуб ҳунарнамоӣ карданд. Дар охирин дақиқаҳои қисми аввали бозӣ Мичи Батшуайи ҳисобро барои Белгия боз кард. Аммо рақобати аслӣ дар қисмати дуюми бозӣ шурӯъ шуд. Тими миллии Канада хеле талош кард, то ҳисобро баробар кунад, аммо имкон даст надод, ки  тӯбро вориди дарвозаи ҳарифаш кунад. Дар умум, Белгия 56 дарсад ва Канада 46 дарсад тӯбро дар ихтиёр доштанд. Тими миллии Канада имконияти хуб дошт, ки ҳисобро дар оғози қисми аввали бозӣ боз кунад. Ҳамлагари Канада Алфонсо Дэвис зарбаи ҷаримавиро ба самар расонида натавонист. Зарбаи ӯро дарвозабони Белгия Тибо Куртуа бартараф кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзии Белгия ба поён расид.

Дар гурӯҳи F Белгия – 3 хол дорад, Марокаш ва Хорватия – 1 хол ва Канада-0.

Олмон 1:2 Ҷопон

Интизор намерафт, ки яке аз даъвогарони ғолибияти Ҷоми ҷаҳон-2022 ба ин содагӣ дар бозии аввали худ, ки ҳатто 76 дарсад тӯбро дар ихтиёри худ доштанд, аз ҷониби ҷопониҳо ба ҳошия ронда шавад. Ҳисобро барои олмониҳо Илкай Гундоган боз кард. Ба вуҷуду ин, ки қисми аввали бозиро олмониҳо ба дасти худ гирифта бошанд ҳам, дар қисми дуюми бозӣ бахт барояшон нахандид. Ҷопониҳо дар дақиқаҳои аввали қисми дуюм идораи бозиро дар даст гирифтанд ва Доан Ритсу ҳисобро барои ҷопониҳо боз кард. Ҳамин тавр, Асано Такума дар дақиқаҳои охири бозӣ голи дуюмро низ ба самар расонд. Бозӣ бо ҳисоби 1:2 бо пирӯзии ҷопониҳо ба поён расид.

Испания 7:0 Коста-Рика

Тими миллии Испания дар бозии аввал худро нишон дод. Дар дақиқаи 11-уми бозӣ Даниел Олмо ҳисобро барои испаниҳо боз кард. Тими миллии Испания 7 гол ба дарвозаи ҳарифаш ворид кард. Албатта ин ғайриинтизор буд, аммо ба ҳар ҳол коршиносон ба пирӯзии испаниҳо таъкид мекарданд. Тими миллии Коста-Рика ҳатто натавонист як тӯбро ба дарвозаи испаниҳо ворид кунад, балки ягон зарба ба самти дарвозаи мунтахаби Испания назад. Мунтахаби Испания 82 дарсад тӯбро дар ихтиёр дошт.

Ба ҳамин тартиб дар гуруҳи Е Испания ва Япония – 3 холӣ доранд ва Германия ва Коста Рика бошад – 0.

Имрӯз, 24-уми ноябр баргузории бозиҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

15:00. Швейтсария – Камерун

18:00. Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ

21:00. Португалия – Гана

00:00. Бразилия – Сербия

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.