10 соли зиндон барои қатли хешованд

Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алишер Қаландаров, як сокини пойтахтро бо гуноҳи куштор 10 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи додситонӣ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян намудааст, ки 8-уми июли соли равон Алишер Қаландарови 29-сола бо Фаридун Сафарови 43-сола, ки пайванди хешутаборӣ доштааст, муноқиша кардааст. Баъдан, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алишер Қаландаров, як сокини пойтахтро бо гуноҳи куштор 10 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи додситонӣ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян намудааст, ки 8-уми июли соли равон Алишер Қаландарови 29-сола бо Фаридун Сафарови 43-сола, ки пайванди хешутаборӣ доштааст, муноқиша кардааст.

Баъдан, Алишер Қаландаров соати 23:30-и 8-уми июл нақшаи содир кардани ҷиноятро таҳрезӣ намуда, тариқи телефони мобилӣ Фаридун Сафаровро ба суроғаи воқеъ шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, назди бинои №152 даъват кардааст.

“Баъди вохӯрдан муноқишаи навбатӣ cap зада, Алишер Қаландаров бо амалӣ намудани мақсади худ бо истифода аз олоти буранда як маротиба ба қисмати болои дил ва як маротибаи дигар ба қисмати шиками Фаридун Сафаров зада, баъди анҷом додани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – менависад додситонӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ Фаридун Сафаров дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳалокат расидааст.

Алишер Қаландаров бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15-уми сентябр дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.