“Фурсати донистан”: Мӯҳлат дар расмиёти маъмурӣ чист ва чӣ гуна танзим мешавад?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи мӯҳлатҳо дар расмиёти маъмуриро баррасӣ карданд.

Мӯҳлат дар расмиёти маъмурӣ ва тартиби барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда чӣ гуна танзим гардидааст?

Масъалаи мӯҳлатҳои дар расмиёти маъмурӣ дар моддаи 44-и Кодекси расмиёти маъмурӣ ба танзим дароварда шудааст. Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шавем, ки ҳангоми ҳисоби мӯҳлат дар расмиёти маъмури тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 109-114-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Зимнан, қайд менамоем, ки агар тарафи манфиатдор ӯҳдадор бошад, ки мӯҳлати муқарраргардидаро риоя кунад, мӯҳлати зикршуда танҳо аз рeзи ба тарафи манфиатдор додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ё иттилоот, ё ки нашри расмии ин иттилоот оғоз мегардад.

Мувофиқи талаботи қонун мӯҳлати гузарондашуда бояд барқарор карда шавад, агар тарафи манфиатдор мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ё мақомоти маъмуриро бо сабабҳои узрнок гузаронда бошад.

Тарафи манфиатдор дар мавриди барқарор намудани мӯҳлати гузарондашуда бо аризаи хатти ба мақомоти маъмури муроҷиат менамояд. Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳо ва маводи дахлдоре, ки вуҷуд доштани сабабҳои узрноки гузарондани мӯҳлатро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд. Масалан ҳуҷҷатҳои хаттӣ оиди беморӣ, оиди дар сафари хизматӣ будан ва дигар ҳуҷҷатҳои боэътимод.

Мақомоти маъмурӣ аризаро дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузарондашуда дар давоми 5 рӯз баррасӣ мекунад ва дар асоси натиҷаҳои он дар бораи қонеъ гардонидан ё рад намудани қонеъгардонии ариза санади маъмурӣ қабул мекунад.

Мӯҳлати қабули санади маъмурӣ дар қонун муқаррар шудааст ё не?

Мӯҳлати қабули қарор ё санади маъмурӣ дар моддаи 50 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Санади маъмурие, ки ба манфиати шахсони сеюм дахл намекунад, бояд дар давоми 15 рӯзи баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ қабул карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлати як моҳ баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ санади маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Мақомоти маъмурӣ дар мӯҳлати ду моҳ баъди пешниҳоди ариза санади меъёрии ҳуқуқии маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Мӯҳлати умумии қабули санади маъмурӣ набояд аз 3 моҳ зиёд бошад.

Зимнан ёдрас менамоем, ки агар ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои барои парванда дорои аҳамияти ҷиддӣ мӯҳлате зарур бошад, ки аз мӯҳлати барои қабули санади маъмурӣ пешбининамудаи қонун зиёд аст, мақомоти маъмурӣ дар бораи муайян намудани мӯҳлати қабули санади маъмурӣ қарор қабул мекунад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...