Сафири ИМА дар Тоҷикистон нав мешавад. Ваколати Ҷон Марк Поммершайм ба анҷом расидааст

Ваколати Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон ба  охир расидааст ва ӯ ба ин муносибат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ, имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 сурат гирифтааст ва дар он “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва […]

Ваколати Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон ба  охир расидааст ва ӯ ба ин муносибат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ, имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 сурат гирифтааст ва дар он “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд”.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷон Марк Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершайм 18-уми  сентябри соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп президенти вақти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ӯ 22-юми феврали соли 2019 савганд ёд кард ва 11-уми  марти соли 2019 ба Тоҷикистон омад. Рӯзи 15-уми  марти соли 2019 Поммершайм эътиборномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон супорид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.