“Коррупсия ва хусумат нест”. Ректори ДДХ сабаби барканории 7 деканро шарҳ дод

Хабари иваз шудани муовини ректор ва 7 декани факулта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ки чанде пеш расонаӣ гардид, саволеро пеш овард, ки омили аслии тағйироти зиёди кадрӣ чӣ аст. Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сабаби тағйироти зиёди кадриро “ба охир расидани муҳлати фаъолияти деканони факултаҳо” гуфта, […]

Хабари иваз шудани муовини ректор ва 7 декани факулта дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ки чанде пеш расонаӣ гардид, саволеро пеш овард, ки омили аслии тағйироти зиёди кадрӣ чӣ аст.

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сабаби тағйироти зиёди кадриро “ба охир расидани муҳлати фаъолияти деканони факултаҳо” гуфта, таъкид намуд, ки ба курсии муовини ректор оид ба тарбия, ки то ин замон холӣ буд, нафари нав таъйин кардаанд. Ӯ ин иддаоро имрӯз, 28-уми ноябр, дар суҳбат ба “Asia-Plus” изҳор дошт.

“Дар асоси фикру қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар декани 7 факултети донишгоҳ, ки ҳар кадоме беш аз 5 солӣ дар вазифа буданд, аз мақом озод карда шуданд. Ҳамаи онҳо дар донишгоҳ ба кори худ дар вазифаву корҳои дигар идома дода истодаанд”, – гуфт Аюб Усмонзода.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ гуфт, ки ҳеҷ яке аз деканҳои барканоргардида “бо сабабҳои дигар, аз ҷумла, ҳолатҳои коррупсионӣ, хусумати шахсӣ ё расидан ба синни нафақа” аз вазифа озод нашудаанд.

Ҳамин тавр, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф, Мирзотоҳир Набиев, ноиби ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст.

Тибқи иттилои дастрасгардида, Замира Улмасова – декани факултаи филология тоҷик, Малоҳат Усмонова – декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов – декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев – декани факултаи география ва туризм таъйин шуданд.

Ҳамчунин Сироҷиддин Ҳакимов мақоми декани факултаи биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев вазифаи декани факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова мақоми декани факултаи муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳия Ҷаббор Расуловро гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар даврони шуравӣ бо номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров маълум буда,  чун  ягона мактаби таҳсилоти олӣ дар шимоли кишвар фаъолият мекард.

Ин донишкада соли 1991 мақоми донишгоҳро гирифт ва соли 1997 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд.

Ҳоло ин донишгоҳ дорои 17 факултет, аз ҷумла 77 кафедра (9 кафедраи умумидонишгоҳӣ), Парки технологӣ, Марказҳои илмӣ ва Китобхонаи марказӣ мебошад. Дар донишгоҳ аз рӯи 74 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона таълим дода мешавад. Дар ин донишгоҳ айни замон 4338 нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ ва 16290 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.